Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Футзал: Марҳилаи плей-офф оғоз мегардад

28.10.2023 23:31

Дар  Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал бозиҳои даври охирони марҳилаи сеюм баргузор гардид.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол» дар сафар бар тими «Истаравшан» дастболо гашта, дар зинаи аввал боқи монд. Ҳамакнун дастаҳоро марҳилаи плей-офф интизор аст. 

Дар даври ниманиҳоӣ, ки аз се ғалаба иборат аст, «Истиқлол» барои роҳ ёфтан ба финал бо «Истаравшан» қувваозмоӣ менамояд.

Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал
Даври 15-ум
«Истаравшан» - «Истиқлол» - 2:5
Голҳо:
Абдуқаюм Умаров, 6 (0:1). Комрон Алиев, 11 (0:2). Рустам Ҳамидов, 17 (0:3). Рустам Ҳамидов, 18 (0:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 34 (1:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 37 (2:4). Рустам Ҳамидов, 39 (2:5).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»).
28 октябр. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон». 500 тамошобин.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj