Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Рақобати «Персеполис» ва «Истиқлол» ба нафъи дастаи эронӣ ба анҷом расид.

24.10.2023 23:59

Дар шаҳри Теҳрон вохурии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё миёни дастаҳои «Персеполис» ва «Истиқлол» баргузор гардид.

Дидори мазкур, ки бо ҳузури зиёда аз 35 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи «Озодӣ» доир шуд, бо ҳисоби 2:0 ба суди футболбозони эронӣ ба анҷом расид. Дар даври ояндаи Лигаи чемпионҳо, ки санаи 7 ноябр баргузор мегардад, «Истиқлол» дар майдони худ «Персеполис»-ро қабул менамояд. Вохурии дигари гурӯҳи «Е» бо иштироки дастаҳои «Ал-Наср» ва «Ал-Дуҳайл» бо пирӯзии футболбозони Арабистони Сауди бо ҳисоби 4:3 ба поён расид. 

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24
Гурӯҳи «Е». Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 3-юм

«Персеполис» (Теҳрон, Эрон) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) - 2:0
Голҳо:
Саид  Содиқӣ, 44. (1:0). Саид Содиқи, 73 (2:0)..
Зарбаи пеналти: Сенин Себай («Истиқлол»), 6 - дарвозабон
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Артур Карташян, Иван Новоселетс, Денис Беганович, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Ҷозеф Окоро, 46), Алишер Ҷалилов, Амадони Камолов, Сенин Себай (Шервони Мабатшоев, 72)
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Саид Содиқи («Персеполис»). 
Сардовар: Муҳаммад Қосим Саррай (Ироқ).
Нозири доварон: Исмоил Аднон Ал-Хафи (Урдун).
Комиссари бозӣ: Акшай Роҳатҷи (Ҳиндустон).
24 октябр. Теҳрон. Варзишгоҳи «Озодӣ». 36450 тамошобин

https://t.me/fcistiklol2007/23159

https://t.me/fcistiklol2007/23168

https://t.me/fcistiklol2007/23177

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj