Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ОЛУЧА ТАКСИ» - БАРАНДАИ ҶОМИ «ИСТИҚЛОЛ»-2023

20.10.2023 22:57

ШОМИ 20 ОКТЯБР ШАШУМИН МУСОБИҚАИ АНЪАНАВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БА АНҶОМ РАСИД.

Дар мусобиқаи бонуфузи имсола, ки бо иштироки  25  даста  ҷараён гирифт,  барандаи Ҷом дастаи «Олуча  такси»  гардид.  

Сараввал вохурӣ барои  мақоми сеюм  миёни соҳибони мусобиқа дастаи  «Истиқлол»  ва тими «Ориёнбонк» сурат гирифт, ки бо ҳисоби 6:0 ба фоидаи дастаи  «Ориёнбонк» анҷом ёфт. 

  Дар рақобати ниҳоӣ дастаи  ВКД ҶТ   ва тими «Олуча такси»  вориди майдон гардиданд. Бозии финалӣ, ки бисер шадид ва шавқовар гузашт  бо пирузии дастаи «Олуча такси» бо ҳисоби минималии 1:0 ба поён расид.  Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ, маросими расмии ҷоизасупории  мусобиқа  бо иштироки  роҳбарияти дастаи «Истиқлол»,  Лигаи футболи Тоҷикистон, ҳамчунин бозингарони клуби футболи «Истиқлол» баргузор гардид.  

Ба дастаҳои ҷоизадор ва беҳтаринҳои мусобиқа медалҳо, ифтихорнома ва мукофотпулиҳоро директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвали Шоқурбонов, раиси кумитаи тартибу интизоми ФФТ  Тоҳир Нурзода,  узви кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов,  ноиби президенти КФ «Истиқлол» Муҳсин Муҳамадиев, директори телевизиони «Варзиш» Парвиз Нориён  ва бозингарони дастаи «Истиқлол» супурданд.

Дастаи «Ориёнбонк», ки мақоми сеюмро соҳиб гардид, бо медалҳои биринҷӣ ифтихорнома ва 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонда шуд.  Дастаи ВКД ҶТ   нишони нуқра, ифтихорнома  ва  мукофотпулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ соҳиб гардид.  Ба дастаи ғолиб – тими «Олуча такси»  Ҷом, ифтихорнома, медалҳои  тилло ва 50 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Аз тарафи кумитаи тадорукот  беҳтарин дарвозабон, нишонзани беҳтарин ва бозингари беҳтарини мусобиқа   бо ҷоизаҳо ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд: 
Дарвозабони беҳтарин - Муҳаммад Комилов («Олуча такси»).  Беҳтарин нишонзан - Хуршед Саломов - 12 туб («Ориёнбонк»). Бозингари беҳтарин - Ҷамшед Исмоилов (ВКД ҶТ). 

Ҳамчунин аз тарафи роҳбарияти дастаи «Истиқлол» барои саҳми арзанда ҷиҳати баргузории мусобиқаи Ҷоми КФ «Истиқлол-2023 оид ба футболи хурд  ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати ВКД шаҳри Душанбе, ҶДММ «Ёвар» ва 
шарики матбуотии мусобиқа  телевизиони «Варзиш» сипосномаҳо тақдим гардид.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22997

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/23007

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/23017

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/23027

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/23037

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj