Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Барандаи Ҷоми КФ «Истиқлол» 20 октябр муайян хоҳад шуд

16.10.2023 22:18

Санаи 20 октябри соли равон ҷоизадорони шашумин мусобиқаи анъанавӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми клуби футболи «Истиқлол»-2023 муайян хоҳанд шуд.

Шоми имрӯз дар майдончаҳои бо сабзаи сунъи пушонидашудаи варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохуриҳои марҳилаи ниманиҳоии мусобиқа доир гардиданд, ки бо натиҷаҳои зерин ба анҷом расиданд:
КФ «Истиқлол» - ВКД ҶТ - 0:3
«Ориёнбонк» - «Олуча таксӣ» - 1:6

Хотиррасон менамоем, ки фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи медали нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳанд кард.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22940

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22950

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj