Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ПИРУЗИИ «ИСТИКЛОЛ» БАР «СОРО КОМПАНИЯ»

24.09.2023 23:30

ИМРӮЗ ДАР БОЗИИ МАРКАЗИИ ДАВРИ 12-УМИ СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ ДАСТАИ «ИСТИКЛОЛ» БО ҲИСОБИ 3:2 БАР РАҚИБИ АСОСИИ ХУД ТИМИ «СОРО КОМПАНИЯ» ДАСТБОЛО ГАРДИД.

Рақобати мазкур, ки дар маҷмааи Кумитаи андоз баргузор гардид бо ҳисоби 3:2 ба анҷом расид. Мухлисоне, ки ба ин бозӣ омада буданд шоҳиди як вохурии нотакрор гаштанд. Тақдири бозӣ дар дақиқаи охири рақобат ҳал шуд. Футзалбозони “Истиқлол” камбэк нишон дода, дар сонияҳои охири дидор ду туб вориди дарвозаи рақиб намудаанд. Ҳамин тавр дастаи футзали “Истиқлол” аввалин пирӯзии худро бар тими “Соро компания” ба даст овард. 

Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал
Даври 12-ум

«Соро компания» - «Истиқлол» - 2:3
Голҳо:
Файзали Сардоров, 9 (1:0). Абдукаюм Умаров, 12 (1:1). Дилшод Саломов, 20 (2:1). Комрон Алиев, 40 (2:2). Рустам Ҳамидов, 40 (2:3). 

Истиқлол: Фируз Бекмуродов, Самариддин Шамсов, Рустам Ҳомидов, Абдуқаюм Умаров, Комрон Алиев, Арстанбек Турсунов, Некруз Идиев, Насратшо Исмоилов, Шавқат Ҳолимов, Раҳмонали Шарипов, Мирсаид Камолов. 

Бозингари беҳтарини вохурӣ: Рустам Ҳомидов (Истиқлол)

24 сентябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии кумитаи андози ҶТ. 
850 тамошобин

 ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22460

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22470

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22480

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj