Пирӯзии ҳайати ҷавонон бо ҳисоби минималӣ
23.09.2023 22:21
Дастаи ҷавонони «Истиқлол» марҳилаи сеюми мусобиқоти ҳайатҳои ҷавонони лигаи олиро бо ғалаба оғоз кард.
Дар даври 19-м шогирдони Рустам Қурбонов ва Далер Қаёсов тими ҷавонони «Хатлон»-ро қабул намуда бо ҳисоби минималии 1:0 дастболо гаштанд. Голи ягонаро дар ин дидор Меҳрубон Олимзода ба нишон расонд.
Мусобиқоти ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ
Даври 19-ум
«Истиқлол» - «Хатлон» - 1:0
Гол: Меҳрубон Олимзода, 38
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Салоҳиддин Иргашев («Истиқлол»).
Корти зард: Муҳаммад Муҳаммадзода («Истиқлол»).
Корти сурх: Рустам Камолов, 45- корти дуюми зард.
Сардовар: Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе).
23 сентябр. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22446