Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ЭРНАН КРЕСПО: «ИСТИКЛОЛ» ДАР ХАТИ ҲИМОЯ ХУБ ҲУНАРНАМОӢ КАРД

20.09.2023 18:08

САРМУРРАБИИ ДАСТАИ «АЛ-ДУҲАЙЛ» ЭРНАН КРЕСПО ПАС АЗ БОЗИ ДАВРИИ АВВАЛИ МАРҲИЛАИ ГУРӯҲИИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ БО ТИМИ «ИСТИКЛОЛ» АНДЕШАҲОЯШРО ЧУНИН ИБРОЗ ДОШТ.

-  Қисмати аз ҳама муҳим дар бозии мо он буд, ки мо тубро идора мекардем. Аз ҷиҳати созмон додани имкониятҳо як чанд мушкилиҳо ҳам доштем. “Истиқлол” дар хати ҳимоя бисёр хуб ҳунарнамоӣ кард. Аммо бар замми ин метавонам бигуям, ки мо метавонистем гол ҳам занем. Имкониятҳои зиёд не, аммо чанд имконият доштем.

 Кайд бояд намоям, ки мо ҳамагонро эътироф мекунем, ин нодида гирифтани рақиб намуд. Талош кардем, бозии беҳтарини худро нишон диҳем. Барои ин мо  имкониятҳои зиёд дорем, ки боз ҳам хубтар бозӣ кунем. Аввали мавсим аст, умед дорам бозиамон беҳтар хоҳад шуд.

-  Варзишгохи пур аз мухлис ба  бозии Шумо таъсири худро нарасонд?

 - Албатта аз дидани варзишгоҳ, ки пур аз мухлис буд, хеле хушҳол ҳастам. Фикр мекунам ин чиз таъсири худро ба бозии  дастаи мо нарасонд. Метавонистем, ки беҳтар бозӣ кунем, аммо ин ба мо даст надод.  

 - Шумо интизор доштед чунин бозиро аз “Истиқлол”?  

-  Бо эҳтиром ба рақиб бояд бигуям, ки ба мо мушкилиҳои зиед эҷод кард. Муқобили “Истиклол” бозӣ кардан ба мо мушкил буд.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj