Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ КФО-РО БО МУСОВӢ ОҒОЗ КАРД

20.09.2023 10:56

Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар оғози марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» бо қаҳрамони Қатар дастаи «Ал-Дуҳайл» бозиро мусовӣ (0:0) кард.

Ин вохӯрӣ 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуд ва 17 500 тамошобинро ба ҳам овард. «Истиқлол» дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар даври аввал бар «Персеполис»-и Эрон (2:0) пирӯз шуд, бозӣ мекунад. Рақобати «Ал-Наср» – «Истиқлол» рӯзи 2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24
Минтақаи Ғарб. Гурӯҳи «Е». Даври 1
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0
«Истиқлол» (Тоҷикистон):
Рустам Ятимов, Табрез Исломов, Артур Карташян, Ромиш Ҷалилов, Седрик Гогуа, Иван Новоселетс, Денис Беганович, Амадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+1), Эҳсони Панҷшанбе (Содиқҷон Қурбонов, 90+1), Алишер Чалилов, Сенин Себай.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).
19 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 500 тамошобин.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Голҳо:
Даниал Эсмаилифар, 62 – автогол (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Наҳлӣ, 72 (0:2).

https://t.me/fcistiklol2007/22366

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj