Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ЭРНАН КРЕСПО: «МО БА БОЗӢ БО “ИСТИҚЛОЛ” ОМОДА ҲАСТЕМ”

19.09.2023 03:51

САРМУРАБИИ ДАСТАИ «АЛЬ-ДУҲАЙЛ» МУТАХАСИСИ АРГЕНТИНӢ ЭРНАН КРЕСПО ПЕШ АЗ БОЗӢ БО ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» ИБРОЗ НАМУД, КИ ДАСТАИ Ӯ БА БОЗӢ БО “ИСТИҚЛОЛ” ОМОДА ҲАСТ.

 

Бисёр хушҳолем, ки айни ҳол дар инҷо қарор дорем ва дар Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ хоҳем кард. Умедворам, ки бозии хело хуб мешавад. Мушкил хоҳад буд, аммо бояд бигуям, ки омада ҳастем ба ин бозӣ. 
- Ҳама интизор доштанд, ки ҳамроҳи даста  Филиппе Каутинио низ ба Душанбе меояд. Ӯ ҷароҳат дорад?
- Мо бисёр хушҳолем, ки Каутиниоро дар даста дорем ва бояд қайд намоям, ки ба мисли ӯ бисере аз бозингароне ҳастанд, ки дар ин бозӣ бо сабаи ҷароҳат иштирок карда наметавонанд, аммо мо омода ҳастем бо ҳамин футболбозоне, ки дорем як дастаи рақобатпазир бошем.   

- То чи андоза аз сиёсати трансферии даста розӣ ҳастед ва сабаби харидории Каутинио, ки ҷароҳат дорад дар чи ҳаст?
-  Айни ҳол ягона чизе, ки дар ин бобат мо метавонем гуем, ин интизор шудан аст. Мавсими гузашта низ буданд чанд бозингаре, ки дар набудани онҳо бо бозӣ мекардем. 

- Дар ин марҳилаи Лигаи чемпионҳо дастаҳои суст нестанд, Шумо метавонед дастаҳоеро номбар кунед, ки барои баромадан аз гурӯҳи “Е”  муддаии асосӣ шуморида мешаванд?
- Ҳама медонанд, ки аз рӯи ситораҳои футболе, ки дар “Ал-Насар” ҳастанд, ҳамин даста фаворит шуморида мешавад. Вале мо омада ҳастем ва фикр мекунам, ки  дигар иштирокчиёни ин гурӯҳ низ омода  ҳастанд, ки рақобати баробар нишон диҳанд. Ин футбол ҳаст ва ҳамагон имконияти баробар доранд.

-  Ал-Дуҳайл” хело дер, ҳамаги як рӯз пеш аз бозӣ ба Душанбе омад. Вақти кӯтоҳ  барои  мутобиқшавӣ ва анҷом додани бозӣ басанда аст? 
- Фикр мекунам ин ҳолат ба бозӣ таъсир нахоҳад расонд. 

-  Шумо чи   иттилое дар бораи дастаи “Истиқлол” доред ва аз рӯи арзиши трансферии футболбозон “Ал-Дуҳайл” қариб даҳ баробар аз ҳайати “Истиқлол” қимматтар аст. Ҳамин чиз метавонад дар футбол муҳим бошад?

-  Ин футбол аст, 11 нафар муқобили 11 нафар бозӣ хоҳанд кард ва ҷузъиётҳои моливӣ ба бозӣ таъсир нахоҳанд кард. Мо кӯшиш мекунем, ки аз ҷиҳати тактикӣ ва техникӣ беҳтар бошем. “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо хаст ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки “Истиқлол” дастаи қавӣ ҳаст. Ҳар як бозингари “Истиқлол” метавонад хатаре эҷод кунанд дар бозие, ки сурат мегирад. Фикр мекунам “Истиқлол” аз ҷиҳати ҷисмонӣ хеле як дастаи қавӣ аст. 

АЛӢ АЛМОИЗ, НИМҲИМОЯТГАРИ “АЛ-ДУҲАЙЛ”:  

- Ин ҳафта барои дастаи мо хело мушкил хоҳад буд. Бар муқобили “Истиқлол” бозӣ хоҳем кард. Умед дорем, ки як бозии хубро нишон дода, Лигаи қаҳрамонҳоро бо натиҷаи мусбат оғоз намоем.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj