Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Футболбозони «Истиқлол» аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд

09.09.2023 19:20

Дастаи «Истиқлол» ба Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ташриф оварда аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ, нушокиҳои ташнашикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзол ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардида буд.
Ҳунарҳои мардумӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст, оҳангарон, дуредгарон, либосҳои миллии занона ва мардона гушаҳои дигари намоишгоҳро зебу зиннат медоданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ҳамзамон дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегардад, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22151

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22161

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/22171

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj