Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Маросими ифтитоҳи Ҷоми КФ «Истиқлол» рӯзи 21 август баргузор мешавад

19.08.2023 19:58

Рӯзи душанбеи 21 август маросими ифтитоҳи Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд баргузор мешавад. Оғоз маросим соати 17:00.

Маросими ифтитоҳи шашумин мусобиқаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд, ки ба 32-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзи душанбеи 21 август баргузор мешавад. Пас аз ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа бозиҳои даври аввал дар зергурӯҳҳои «А» ва «Б» баргузор мешаванд. Бозиҳо дар майдончаҳои хурди дорои сабзаи сунъии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи медали нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳанд кард.

Церемония открытия Кубка «Истиклола» состоится 21 августа

Торжественное открытие Кубка футбольного клуба «Истиклол» по мини-футболу состоится в понедельник, 21 августа. Начало - в 17:00.

Торжественное открытие шестого  розыгрыша Кубка футбольного клуба «Истиклол» по мини-футболу, который приурочен к 32-й годовщине Государственной  Независимости Таджикистана состоится в понедельник, 21 августа. После открытия турнира пройдут  матчи первого тура в подгруппах “А” и “Б”. Игры будут проходит  на мини-полях с искусственным покрытием, которые расположены на территории Центрального республиканского стадиона  Душанбе.

Призовой фонд  турнира составляет 100 тысяч сомони. Команда-победительница будет награждена Кубком, медалями и денежной премией в размере 50 тысяч сомони. Серебряному призеру достанется 30 тысяч сомони, а бронзовому – 20 тысяч сомони.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj