«Истиқлол» соҳиби се имтиёзи навбатӣ гардид
08.08.2023 22:39
Дар даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» тими «Регар-ТадАЗ»-ро дучори бохт намуд.
Вохурии мазкур, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, бо натиҷаи калони 5:0 ба анҷом расид.
Ин пирӯзӣ ба дастаи пойтахт имкон дод, ки мавқеи худро дар ҷадвал устувор намояд. Дар даври оянда «Истиқлол» дар бозии сафарӣ бо дастаи «Файзканд» вомехурад. Ин вохури санаи 13 август барпо мегардад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 16-ум
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» - 5:0
Голҳо: Сенин Себай, 28 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 74 (2:0). Алиҷони Айнӣ, 79 (3:0). Амадони Камолов, 84 (4:0). Алишер Ҷалилов, 90+1 (5:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Седрик Гогуа, Иван Новоселетс (Муҷтабо Муқтадоӣ, 46), Содиқҷон Қурбонов, Аҳтам Назаров, Ромиш Насруллозода (Амадони Камолов, 46), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 86), Ҷозеф Окоро, Денис Беганович (Алиҷони Айнӣ, 72), Сенин Себай (Шервони Мабатшоев, 72).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).
Корти зард: Ҷозеф Окоро, Седрик Гогуа, Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), Анвар Муродов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе).
8 август. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ.
ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/21278
ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/21289