Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ҷоми КФ «Истиқлол» оғоз мегардад!

02.08.2023 13:47

Дар нимаи моҳи август мусобиқаи анъанавии футболи хурд барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» оғоз мешавад.

Дар мусобиқоти  навбатии Ҷоми КФ “Истиқлол”, ки бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои тамоми намуди моликият метавонанд ширкат варзанд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо  Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи ниҳоии мусобиқот 30 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Беҳтарин бозингарон бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Маблағи пардохт барои ширкат дар мусобиқа 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқа бозигарони ҳирфаӣ, ки дар лигаҳои олӣ, якум ва дуюм, инчунин дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ ва лигаи касбии футзали кишвар бозӣ мекунанд, иштирок карда наметавонанд. Агар чунин бозигарон муайян карда шаванд, даста аз иштирок дар мусобиқа хориҷ карда мешавад. Пироҳанҳои  дастаҳо бояд ба қоидаҳои бозӣ ҷавобгу буда, рақамгузорӣ карда шаванд. Бозингарони синнашон аз 25-сола боло  (1998)  барои ширкат дар ин мусобиқа иҷозат дода мешаванд. Ба рӯйхати дархостҳо ворид намудани на бештар аз 15 (понздаҳ) бозигар, илова бар он сармураббӣ иҷозат дода мешавад. Дархостҳо барои ширкат дар мусобиқа то 10 август қабул карда мешаванд. Кумитаи тадорукоти Ҷоми ФК Истиқлол ҳамаи дастаҳои хоҳишмандро барои иштирок дар Ҷоми КФ “Истиқлол”даъват менамояд! Барои маълумоти бештар метавонед ба рақамҳои зерин занг занед: 93 390 3167, 904572007, 904999449, 300097777. Суроғаи почтаи электронӣ: info@fc-istiklol.tj

На старте Кубок «Истиклола»

В середине августа  возьмет старт традиционный  турнир по мини-футболу на  Кубок футбольного клуба «Истиклол».  

В очередном  розыгрыше Кубка «Истиклола», который приурочен к 32-летию Государственной независимости Республики Таджикистан, могут принять участие команды министерств, ведомств, организаций и предприятий всех видов собственности. Общий призовой фонд турнира будет составлять 100 тысяч сомони.  Команда-победительница будет награждена Кубком, медалями и денежной премией в размере  50 тысяч сомони.  Финалист турнира получит  30  тысяч сомони. Бронзовый призер будет награжден  денежной премии в размере 20 тысяч сомони.  Руководители команд и лучшие игроки будут награждены грамотами и ценными призами. Взнос за участие в турнире составляет  4 тысячи сомони. В соревновании не смогут принять участие профессиональные игроки, играющие в высшей, первой и второй лигах,  а также в первенстве Таджикистана среди молодежных составов команд высшей лиги и профессиональной футзальной лиги страны. В случае выявления таких игроков, команда исключается от участия в турнире. Игровая форма команд должна соответствовать правилам игры, обязательно с номерами. К участию в турнире будут допущены игроки в возрасте  25  лет (1998) и старше. В заявочный лист  разрешается включать не более 15 (пятнадцати) футболистов,  плюс главный тренер. Приём заявок для участия в турнире  продлится  до 10 августа.   Оргкомитет Кубка ФК «Истиклол» приглашает все заинтересованные команды принять участие в шестом  по счету  турнире! За справками можно обращаться по телефонам: 93 390 3167, 904572007,  904999449, 300097777. Адрес электронной почты: info@fc-istiklol.tj

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj