Ба тоҷикӣ  На русском In English 

5:1! Пирузии «Истиқлол» дар Ҷоми Тоҷикистон!

29.07.2023 20:59

«Истиқлол»-и Душанбе бидуни мушкилӣ дастаи КМВА-ро дар бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон шикаст дода ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифт.

Дидори мазкур, ки дар варзишгоҳи «Нефтяник»- и ноҳияи Рудакӣ баргузор гардид, бо натиҷаи калони 5:1 ба анҷом расид. Дар ин дидор футболбозони ҷадиди «Истиқлол» хама ба майдон омаданд ва ба Денис Беганович муяссар шуд, ки голи аввалини худро дар бозиҳои расмӣ ба самар расонад. Тубҳои дигарро ба дарвозаи рақиб Седрик Гогуа, Алишер Ҷалилов, Шервони Мабатшоев ва Табрез Исломов заданд. Дар марҳилаи навбатии Ҷоми Тоҷикистон - 1/4 ниҳоӣ  «Истиқлол» бо тими «Файзканд» рақобат менамояд. 

Ҷоми Тоҷикистон. Марҳилаи 1/8 ниҳоӣ
«Истиқлол» - КМВА - 5:1
Голҳо:
Седрик Гогуа, 11 (1:0). Денис Беганович,  38 (2:0). Алишер Ҷалилов, 45+2 (3:0). Хуршед-Тимур Ҷураев, 51 аз пеналтӣ (3:1). Шервони Мабатшоев, 55 (4:1). Табрез Исломов, 73 (5:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Артур Карташян (Сенин Себай, 68), Табрез Исломов, Иван Новоселетс, Денис Беганович (Муҷтабо Муқтадоӣ, 46), Седрик Гогуа, Ҷозеф Окоро, Амадони Камолов (Шаҳром Сулаймонов, 74)  Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (Алиҷони Айнӣ, 46), Шервони Мабатшоев (Содиқҷон Қурбонов, 68). 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Амадони Камолов («Истиқлол»)..
Корти зард: Артур Карташян («Истиқлол»). 
Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).
Комиссари бозӣ: Суҳроб Ҳамидов (Рудакӣ).
29 июл. Рудакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1300 тамошобин.

ФОТО:https://t.me/fcistiklol2007/21158

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/21168

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/21179

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj