«Истиқлол» бо «Насаф» неру санҷид
19.07.2023 23:44
Дастаи «Истиқлол» дар доираи ҷамъомади омӯзишӣ, ки дар Узбекистон ҷараён дорад, бо тими «Насаф» вохурии санҷишӣ анҷом дод.
Ин рақобат, ки бо ҳузури зиёда аз 6 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қаршӣ баргузор гардид, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи соҳибони майдон ба поён расид. Ҳар ду голи дастаи «Насаф»-ро легионери гурҷи Ҷабба Ҷигаури ба номи худ сабт намуд. Бозии дуюми санҷишии худро «Истиқлол» санаи 23 июл дар шаҳри Тошканд бо тими «Пахтакор» доир менамояд.
Вохурии дӯстонаи байналмилалӣ
«Насаф» (Қаршӣ, Узбекистон) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) - 2:0
Голҳо: Ҷабба Ҷигаури, 52 (1:0). Ҷабба Ҷигаури, 62 (2:0).
«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Содиқҷон Қурбонов, Артур Карташян, Иван Новоселетс, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 46), Ҷозеф Окоро, Денис Беганович (Алиҷони Айнӣ, 77), Ромиш Насруллозода (Муҷтабо Муқтадоӣ, 77), Амадони Камолов (Шаҳром Сулаймонов, 77), Алишер Ҷалилов (к), Шервони Мабатшоев (Сенин Себай, 77).
Сардовар: Равшан Абдувоҳидов (Узбекистон).
19 июл. Қаршӣ (Узбекистон). Варзишгоҳи марказӣ. 6200 тамошобин.
ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20966