Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ҷоми ҷавонӣ: Мусобиқа 7 июл оғоз мегардад

04.07.2023 17:29

Мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар он ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ иштирок мекунанд, 7 июл оғоз меёбад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» «Ҳосилот», «Файзканд», «Эсхата» ва «Регар-ТадАЗ» шомил гардиданд. Гурӯҳи «Б» аз «Хуҷанд», «Хатлон» ва «Куктош» иборат аст. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Истиқлол», «Равшан» ва КМВА бозӣ мекунанд.
    Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ доир мешаванд. Ғолибони гурӯҳ, инчунин дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд ва дар он ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил мекунанд. Ғолибони бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ ба финал мебароянд ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм рақобат менамоянд.
Фонди ҷоизавии Ҷоми «Ҷавонӣ» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 30 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
       Ғолиби феълии мусобиқот тими ҷавонони «Истиқлол», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи ҷавонони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд, мебошад.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj