Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ба таътил дар садри ҷадвал

30.06.2023 23:01

«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври панҷуми чемпионати мамлакат дар сафар бар тими «Эсхата» бори дигар пирӯз гардида, мавқеи худро дар садри ҷадвал устувор намуд.

Ҳамакнун дар чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ таътили тобистона фаро расид.  Нимаи дуюми чемпионати мамлакат бо бозиҳои даври понздаҳум, ки баргузориашон 3-4 август дар назаранд, оғоз меёбад.

Чемпионати  Тоҷикистон. Даври 5-ум
 «Эсхата» - «Истиқлол» -  0:3
Голҳо:
Роман Хибаба, 25 худгол (0:1). Алишер Ҷалилов, 75 (0:2). Эҳсони Панҷшанбе, 90+2 аз пеналти (0:3). 
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Алиҷон Кароматуллозода (Табрез Исломов, 57), Ромиш Насруллозода (Сайёди Ковусшо, 88), Сиёвуш Асроров, Эҳсони Панҷшанбе, Амадони Камолов, Шаҳром Сулаймонов (Далер Имомназаров, 88), Алишер Ҷалилов, Шервони Мабатшоев (Алиҷони Айнӣ, 85). 
Беҳтарин бозингари вохурӣ:  Алишер Ҷалилов («Истиқлол»). 
Корти зард:  Роман Хибаба («Эсхата»). 
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Нозири бозӣ: Рустам Абдуллоев (Душанбе). 
Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).
30 июн. Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». 5500 тамошобин.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20720

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20730

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj