Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» дар садри ҷадвал устувор монд

25.06.2023 23:20

Дастаи «Истиқлол» дар бозии марказии даври 14-уми чемпионати мамлакат тими «Эсхата»-ро дар майдони худ қабул намуд.

Дидори мазкур пурра бо бартарии соҳибони майдон сипарӣ гашта, бо натиҷаи бузурги 5:0 ба анҷом расид. Се имтиёзи навбатӣ ба «Истиқлол» имкон дод, ки мавқеи худро дар садри ҷадвали чемпионат устувор намояд. Ҳамакнун душанбегиҳо  пас аз  12  бозӣ соҳиби 26 хол мебошанд.  Бозиҳои даври ояндаи Лигаи футболи кишвар 30 июн доир мегарданд. Дар ин рӯз «Истиқлол» дар сафар боз бо тими «Эсхата» неру месанҷад. 

Чемпионати  Тоҷикистон. Даври 14-ум
«Истиқлол» - «Эсхата» - 5:0
Голҳо:
Алишер Ҷалилов, 45 (1:0). Амадони Камолов, 54 (2:0). Эҳсони Панҷшанбе, 57 (3:0). Шаҳром Сулаймонов, 80 (4:0). Паҳлавон Баҳризода, 90+2 (5:0)..
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Алиҷон Кароматуллозода, Ромиш Насруллозода, Седрик Гогуа, Эҳсони Панҷшанбе, Амадони Камолов (Алиҷони Айнӣ, 67), Шаҳром Сулаймонов (Паҳлавон Баҳризода, 86), Алишер Ҷалилов, Шервони Мабатшоев (Далер Имомназаров, 86). 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»). 
Корти зард: Ромиш Насруллозода, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷозеф Окоро («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Соҳиб Ҳакимов, Фируз Холматов («Истиқлол»). 
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кулоб)..
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода). 
Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).
25 июн. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20640

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20650

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj