Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Барандаи Ҷоми КФ «Истиқлол» муайян гардид

10.06.2023 01:58

Дар майдони қароргоҳи дастаи футболи «Истиқлол» воқеъ дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор мусобиқоти Ҷоми КФ «Истиқлол» ба анҷом расид.

Мусобиқаи мазкур, ки бо иштироки 24 дастаи ҳаваскор муддати як моҳ давом кард, дастаи ғолибро муайян кард.  Баҳри истироҳати мухлисон ва ҳаводорони футбол пеш аз вохурии ниҳоӣ шоу-барномаи консерти баргузор гардида, сипас  рақобати финалӣ бо иштироки дастаҳои «Латахорак» ва «Гулдара» оғоз гардид. Дидори мазкур бисёр шавқовар ва ҷолиб ҷараён гирифта бо пирӯзии дастаи «Латахорак» бо ҳисоби 5:2 ба поён расид. Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ  маросими бошукуҳи қадрдонии ҷоизадорон ва беҳтаринҳои мусобиқа бо иштироки роҳбарият ва футболбозони даста доир гардид. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ сарфароз гардонда шуд. Барандаи медалҳои нуқраи  мусобиқот  10 ҳазор сомонӣ дарёфт намуд. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ сарфароз шуд. Ҳамчунин мукофотҳои пулӣ аз рӯи номинатсияҳои: “Бозингари беҳтарин”, “Беҳтарин нишонзан”,  “Беҳтарин дарвозабон”,  «довар» супорида шуданд. Ғайр аз ин ба барандаи ҷоизаи «фейр-плей», «мухлиси беҳтарин» ва масъулони мусобиқа сипосномаю туҳфаҳо  тақдим карда шуданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки мусобиқаи мазкур  дар чаҳорчӯби барномаи махсуси  раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024  амалӣ гардонда шуд.

Ҷоми КФ «Истиқлол» оид ба футбол миёни дастаҳои ҷамоатҳои дараи Алмосии шаҳри Ҳисор-2023.
Барандаи Ҷом - дастаи «Латахорак»
Мақоми дуюм - дастаи «Гулдара»
Мақоми сеюм - дастаи «Чангоб-1»
Дарвозабони беҳтарин - Файзулло Бобокалонов «Чангоб-1»
Беҳтарин нишонзан - Искандар Ҷалилов «Латахорак» (27 туб).
Беҳтарин бозингар - Аслиддин Муҳиддинов «Гулдара».
Фейр-плей - Сангалӣ Ниёзов  «Лаби сой»
Довар - Эркин Мадибоев.

ФОТО: 

https://t.me/fcistiklol2007/20370

https://t.me/fcistiklol2007/20380

https://t.me/fcistiklol2007/20390

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj