Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Дастаи «Чангоб-1» - сазовори медалҳои биринҷии Ҷоми КФ «Истиқлол»

08.06.2023 23:52

Шоми имрӯз вохурӣ барои мақоми сеюм дар мусобиқоти Ҷоми КФ «Истиқлол» миёни дастаҳои ҳаваскори ҷамоатҳои дараи Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Дастаи «Чангоб-1» аз худ маҳорати хуб нишон дода бо ҳисоби калони 6:0 тими «Дучинора»-ро шикаст дод ва соҳиби медалҳои биринҷии мусобиқа гардид. 
Пагоҳ, 9-уми июн, вохурии  ниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» миёни дастаҳои   «Латахорак» ва «Гулдара» доир мегардад. 
Дар ин мусобиқа, ки фонди ҷоизавиаш 30 000 сомониро ташкил медиҳад, 24 даста ширкат намуданд. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи ниҳоии  мусобиқот  10 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ сарфароз мегардад.
Инчунин, мукофотҳои пулӣ аз рӯи номинатсияҳои: “Бозингари беҳтарин”, “Беҳтарин нишонзан” ва “Беҳтарин дарвозабон” пешбинӣ шудаанд. Пеш аз бозии финалӣ  шоу-барномаи консертӣ   бо иштироки ҳунармандони эстрадаи тоҷик  баргузор мешавад. Пас аз вохурии финалӣ маросими ҷоизасупории ин мусобиқаи бонуфуз баргузор мегардад.

Бозӣ барои ҷои 3-юм
«Чангоб-1» — «Дучинора» - 6:0
09/06/2023

ФИНАЛ
18:00

«Латахорак» - «Гулдара»

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20349 

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20359

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj