Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Бохти дуюм дар лигаи олӣ

28.05.2023 23:52

«Истиклол»-и Душанбе дар мавсими ҷадиди лигаи олии қаҳрамонии кишвар ба бохти дуюм дучор гардид.

Дар бозии марказии даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон бо дастаи «Равшан» натиҷаи 1:2 ба қайд гирифта шуд. Новобаста аз нокомӣ, «Истиқлол» бо 23 хол  ҳамоно пешсафи ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ буда, аз «Равшан» (20 хол) се имтиёз бештар дорад.  Пас аз ин давр, вобаста ба омодагӣ ва иштироки мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти «CAFA Nations Cup», даврҳои ояндаи чеипионати кишвар бо иштироки «Истиқлол»  ба рузҳои дигар гузаронида мешавад. 

Чемпионати  Тоҷикистон
Даври 12-ум

  «Истиқлол» - «Равшан» - 1:2
Голҳо:
Амирҷон Сафаров, 59 (0:1). Табрез Исломов, 60 худгол (0:2). Шервони Мабатшоев, 64 (1:2). 
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Ҷозеф Окоро,  Содиқҷон Қурбонов,  Сиёвуш Асроров,  Алиҷон 
 Кароматуллозода,  Эҳсони Панҷшанбе, Амадони  Камолов,  Шервони Мабатшоев (Седрик Гогуа, 83), Ромиш Насруллозода (Табрез Исломов, 12),  Алишер Ҷалилов,  Манучеҳр Ҷалилов (Алиҷони Айнӣ, 79). 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Холмурод Назаров («Равшан»).
Корти зард: Сиёвуш Асроров, Шервони Мабатшоев, Алишер Ҷалилов, Седрик Гогуа («Истиқлол»), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Муҳаммадҷон Насков  («Равшан»).
Корти сурх: Мааобах Эммануел («Равшан»), 62- корти зарди дуюм.
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе). 
Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Бохтар). 
Комиссари вохурӣ: Шавкат Аҳмадов  (Душанбе). 
28 май. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.  6200  тамошобин.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20193

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20203

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj