Марҳилаи аввал бо пирӯзӣ ҷамъбаст гардид
14.05.2023 23:43
Пешсафи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар «Истиқлол»-и Душанбе дар даври 9-уми чемпионати Тоҷикистон дар сафар бар дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 1:0 дастболо гардид.
Ҳамин тавр, «Истиклол» марҳилаи аввали чемпионатро бо ғалаба ҷамъбаст намуда, ҳамоно пешсафи ҷадвали мусобиқа ба ҳисоб меравад. Дар даври оянда, дастаи мо санаи 19 май, ҳамакнун «Ҳосилот»-ро дар майдони худ қабул менамояд. Оғози бозӣ соати 18:30.
Чемпионати Тоҷикистон
Даври 9-ум
«Ҳосилот» - «Истиқлол» - 0:1
Гол: Шервони Мабатшоев, 20 аз пеналти.
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Ҷозеф Окоро, Содиқҷон Қурбонов, Седрик Гогуа (Сиёвуш Асроров, 46), Алиҷон Кароматуллозода, Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 89), Амадони Камолов (Алиҷони Айнӣ, 82), Шервони Мабатшоев (Далер Имомназаров, 72), Ромиш Насруллозода, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).
Корти зард: Сафарали Каримов, Далер Чолов («Ҳосилот»), Седрик Гогуа, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷон Кароматуллозода («Истиклол»).
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Нозири бозӣ: Насриддин Азизов (Кабодиён)
Комиссари вохурӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
14 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.