Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол»: Панҷ голи беҷавоб ба дарвозаи «Хатлон»

10.05.2023 23:19

Дар даври 8-уми чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» дар майдони худ дастаи «Хатлон»-ро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб намуд.

Дар дидори мазкур, Эҳсони Панҷшанбе, ки беҳтарин бозингари вохурӣ эътироф шуд,  се голро ба номи худ сабт намуда, муаллифи «хет-трик» гардид. Ҳамчунин голи аввалини худро дар ҳайати «Истиқлол» ҳимоятгари ҷавон Содиқҷон Қурбонов ба самар расонд. Туби панҷумро беҳтарин нишонзани даста Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонда, шумораи тубҳои худро дар чемпионат ба 6 расонд. Дар даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар «Истиқлол» санаи 14 май дар сафар бо тими «Ҳосилот»  неру месанҷад. Оғози бозӣ соати 17:00.

Чемпионати  Тоҷикистон
Даври 8-ум

 «Истиқлол» - «Хатлон» - 5:0
Голҳо:
Эҳсони Панҷшанбе, 1 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 14 (2:0). Содикҷон Қурбонов, 35 (3:0). Эҳсони Панҷшанбе, 68 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 70 (5:0). 
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Ҷозеф Окоро (Идрис Амину, 86),  Содиқҷон Қурбонов (Сиёвуш Асроров, 46),  Седрик Гогуа, Алиҷон Кароматуллозода,  Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 70), Амадони Камолов (Алиҷони Айнӣ, 67), Шервони Мабатшоев (Далер Имомназаров, 70), Ромиш Насруллозода,  Алишер Ҷалилов,  Манучеҳр Ҷалилов. 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Эҳсони Панҷшанбе  («Истиқлол»). 
Корти зард: Саидшо Бозоров, Рустамҷон Қучкаров («Хатлон»). 
Сардовар: Насрулло Кабиров  (Норак).
Нозири бозӣ: Абдулло Олимов (Ҳамадонӣ). 
Комиссари вохурӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе).
10 май. Душанбе.  Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/19776

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj