Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» ва «Равшан» барои дарёфти Суперҷом рақобат намуданд

06.05.2023 22:19

Шоми имрӯз дар шаҳри Ҳисор вохурӣ барои дарёфти Суперҷоми кишвар миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» доир гардид.

Дидори мазкур, ки бо ҳузури зиёда аз 9000 тамошобин баргузор гардид, бо пирузии минималии футболбозони шаҳри Кулоб ба анҷом расид. Вохурии навбатии худро «Истиқлол» санаи 10 май баргузор менамояд. Дар ин рӯз дар доираи даври 8-уми чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» тими «Хатлон»-ро қабул менамояд. Оғози бози соати 18:30. 

Суперҷоми Тоҷикистон-2023
 «Истиқлол» - «Равшан» - 0:1
Гол:
Амирҷон Сафаров, 8
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Ҷозеф Окоро,  Содиқ Қурбонов, Табрез Исломов (Алиҷони Айнӣ, 80),  Седрик Гогуа, Эҳсони Панҷшанбе, Амадони Камолов, Далер Имомназаров (Шервони Мабатшоев, 46),  Сайёди Ковусшо (Ромиш Насруллозода, 46),  Алишер Ҷалилов,  Манучеҳр Ҷалилов. 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Евгений Гритсенко («Равшан»). 
Корти зард: Амирҷон Сафаров, Бахтовари Хуршед, Маабоах Эммануэл, Айдан Окран,  Акомади Ҷозеп, Евгений Гритсенко. 
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири бозӣ: Умед Раҳимов (Бохтар). 
Комиссари вохурӣ: Ораз Ализода (Душанбе).
6 май. Ҳисор.  Варзишгоҳи марказӣ. 9200 тамошобин.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/19720

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/19730

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj