Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Аввалин бохт дар мавсими нав

30.04.2023 22:23

Дастаи «Истиқлол» дар даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон дар бозӣ муқобили «Равшан» дучори бохт гардид.

Вохурии марказии давр, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, бо ҳисоби минималии 1:0 ба анҷом расид. Новобаста аз бохт, «Истиқлол» бо 11 имтиёз ҳамоно пешсафи ҷадвали мусобиқот ба ҳисоб меравад. Вохурии ояндаи худро душанбегиҳо санаи 6 май баргузор менамоянд. Дар ин рӯз дар шаҳри Ҳисор дар доираи бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023  «Истиқлол» ва «Равшан» боз муқобили ҳамдигар вориди майдон мегарданд. 
Ба маълумоти ҳаводорони футбол мерасонем, ки пас аз анҷоми дидор,  бозии бурднок миёни мухлисон гузаронида мешавад.  Дар бозӣ  ду телефони Iphone 14,  ду  планшет, як телевизор ва  се тӯби «Molten» гузошта шудааст.
Нархи чиптаи бозӣ 10 сомонӣ муқаррар шудааст.  Оғози бозӣ соати 18:00. 
 
Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 7-ум

 «Равшан» - «Истиқлол» - 1:0
Гол:
Холмурод Назаров, 62 
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Ҷозеф Окоро,  Содиқ Қурбонов, Табрез Исломов (Алиҷон Кароматуллозода, 90), Идрис Амину (Ромиш Насруллозода, 74),  Эҳсони Панҷшанбе, Амадони Камолов (Далер Имомназаров, 74),  Сайёди Ковусшо (Шаҳром Сулаймонов, 90+2),  Алишер Ҷалилов, Шервони Мабатшоев (Алиҷони Айни, 90+2),  Манучеҳр Ҷалилов. 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Холмурод Назаров («Равшан»). 
Корти зард: Амирҷон Сафаров, Амирҷони Фаррухзод  («Равшан»), Табрез Исломов («Истиқлол»).
Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода). 
Комиссари вохурӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).
30 апрел. Кӯлоб,  варзишгоҳи марказӣ. 9000 тамошобин.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/19553

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/19565

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj