Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ҒАЛАБАИ БУЗУРГИ «ИСТИҚЛОЛ» БАР «ХУҶАНД» ДАР ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВ

03.04.2023 22:25

Дар бозии марказии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 дастаи «Истиқлол» бар тими «Хуҷанд» бо ҳисоби 4:0 ғалабаи калон ба даст овард.

Аз ҳайати бошгоҳи шаҳри Душанбе капитани даста  Алишер Ҷалилов муаллифи дубл ва як партофти головар шуда, беҳтарин бозингари вохурӣ дониста шуд. Дар даври дуюми чемпионати Тоҷикистон  «Истиқлол» санаи 7 апрел дар майдони худ дастаи «Файзканд»-ро қабул менамояд. Оғози бози соати 16:30. 
Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 1-ум

«Истиқлол» - «Хуҷанд» - 4:0
Голҳо:
Ромиш Насруллозода, 16 (1:0).  Алишер Ҷалилов, 32 (2:0).  Алишер Ҷалилов, 44 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (4:0). 
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Седрик Гогуа, Табрез Исломов, Сайёди Ковусшо, Идрис Амину, Эҳсони Панҷшанбе (Ҷозеф Окоро, 81), Ромиш Насруллозода (Ҳамадони Камолов, 86), Алишер Ҷалилов (Шаҳром Сулаймонов, 81), Шервони Мабатшоев (Алиҷони Айнӣ, 72), Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ:  Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).
Корти зард: Алишер Ҷалилов, Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), Фирдавс Абдусаломов («Хуҷанд»). 
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав). 
Нозири бозӣ: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
Комиссари вохурӣ: Суҳроб Ҳамидов (Рудакӣ).
3 апрел. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/19117

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj