Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Пирӯзӣ дар аввалин бозии санҷишӣ

17.02.2023 20:59

Дар доираи ҷамъомади таълимию тамринии Анталия, дастаи «Истиқлол» бозии аввалини санҷишии худро баргузор намуд.

Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Окжетпес» (Казоқистон) - 3:1
Голҳо:
Алишер Ҷалилов, 25. Манучеҳр Ҷалилов, 61, 88.
«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Сайёди Ковусшо (Алиҷон Кароматуллозода, 46), Ҳайдар Сатторов, Табрез Исломов, Далер Имомназаров (Ромиш Насруллозода, 60), Муҳаммад Кадури (Идрис Амину, 61), Эхсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 60), Алишер Ҷалилов,  Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов. 
17 феврал. Белек (Туркия). 
Дар ин дидор футболбозони тоҷик бо тими «Окжетпес»-и Қазоқистон қувваозмоӣ намуда бо ҳисоби 3:1 дастболо гаштанд. Аввалин шуда тубро вориди дарвозаи ҳариф Алишер Ҷалилов бо зарба аз масофаи дур намуд. Дар қисми дуюм бошад Манучеҳр Ҷалилов боз ду маротибаи дигар дарвозабонро водор намуд, ки тубро аз дарвоза берун орад. Вохурии дуюми санҷишии худро «Истиқлол» санаи 21 феврал доир менамояд.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18686

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj