Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Фирӯз Бекмуродов - муаллифи голи беҳтарини лигаи футзал!

16.12.2022 02:25

Голи задаи дарбозабони дастаи футзали «Истиқлол» ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов ба дарвозаи тими «Соро компания», беҳтарин голи мавсими сипаришуда дар Суперлигаи Тоҷикистон эътироф гардид.

Лигаи футзали Тоҷикистон маросими ҷамъбастии мавсими 2022-ро доир намуда, беҳтаринҳо ва ғолибону ҷоизадорони Суперлигаи футзали Тоҷикистонро қадрдонӣ намуд. 

  Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар соли 2022: 

 Ҷоизаи «Чеҳраи умедбахш» – Идрис Ёров («Соро компания»).

  Беҳтарин легионере, ки дар Суперлигаи Тоҷикистон-2022 бозӣ мекунад – Муҳсин Муҳаммадзода («Соро компания»).

  Бозигари беҳтарин байни дастаҳои ҳаваскор – Ибодулло Назиров («Ориёнбонк»).

 Ҷоизаи «Fair Play» – Насратшо Исмоилов («Истиқлол»).

  Бозигари беҳтарин тибқи фарзияи «Pure Game» – Абдуқаюм Умаров («Истиқлол»).

  Голи беҳтарини мавсим – Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»).

  Дастаи рамзии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 – Меҳдӣ Мустафоӣ, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Файзалӣ Сардоров (ҳама аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков («Сипар»).

 Довари беҳтарини футзал – Суҳроб Сатторов (Турсунзода).

  Беҳтарин дарвозабон – Меҳдӣ Мустафоӣ («Соро компания»).

  Нишонзани беҳтарин – Собирҷон Гуляков («Сипар»).

 Мураббии беҳтарин – Пайрав Воҳидов («Соро компания»).

  Футзалбози беҳтарини сол – Файзалӣ Сардоров («Соро компания»).

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18341

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj