Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» муқобили КМВА ғалабаи калон ба даст овард

28.11.2022 15:19

Дар даври охирони чемпионати Тоҷикистон-2022 «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 5:1 дастаи КМВА-ро шикаст дод.

Чемпионати  Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ

Гуруҳи «А». Даври 23

КМВА – «Истиқлол» – 1:5

ГолҳоМанучеҳр Ҷалилов, 43 аз пеналти (0:1). Шервони Мабатшоев, 46 (0:2). Монгбет Аласса, 74 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 76 (1:3). Табрез Исломов, 78 (1:4). Манучеҳр Ҷалилов, 88 (1:5).

«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Далер Имомназаров (Рустам Камолов, 57), Идрис Амину, Алиҷон Кароматуллозода (Табрез Исломов, 69), Гонсало Габриел Ритакко (Шухратҷон Шоҳназаров, 46), Шаҳром Сулаймонов, Мухаммадҷон Раҳимов, Шервони Мабатшоев (Сайдали Иброҳимов, 57), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингари вохурӣМанучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

СардоварБахтиёр Комилов (Кулоб).

Нозири доваронСафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣБобоҷон Қаландаров (Душанбе).

27 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Ҳамин тавр мавсими футболи 2022-ро «Истиқлол» бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуда, дар мавсими оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО иштирок менамояд. Хотиррасон менамоем, ки марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО 18 сентябри соли 2023 оғоз мегардад.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18285

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18295

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18305

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj