Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Пирузии навбатии «Истиқлол» бар «Хуҷанд»

24.11.2022 11:44

«Истиқлол»-и Душанбе дар даври 22-юми чемпионати мамлакат ғалабаи навбатии худро бар дастаи «Хуҷанд» ба қайд гирифт.

Қисми аввали вохурӣ бидуни задани гол ба поён расид ва душанбегиҳо тавонистанд, ки бо ду голи зудкори Манучеҳр Ҷалилов ва Шервони Мабатшоев дар аввали қисми дуюм пирузии дастаи худро таъмин намоянд. Пас аз ин ғалаба «Истиқлол» имтиёзҳои худро дар чемпионати мамлакат ба 45 расонд. Дар вохурии охирони мавсими 2022, «Истиқлол» дар сафар бо дастаи КМВА вориди майдон мегардад. Ин дидор санаи 27 ноября баргузор мегардад.

Чемпионати Тоҷикистон-2022. Даври 22

«Истиқлол» - «Хуҷанд» - 2:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 49 (2:0). Шервони Мабатшоев, 50 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Владислав Касминин, Сиёвуш Асроров (Шуҳрат Шоҳназаров, 90), Алиҷон Кароматуллозода, Аҳтам Назаров (Далер Имомназаров, 58), Идрис Амину (Шаҳром Сулаймонов, 54), Сайёди Ковусшо, Гонсало Ритакко, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингари вохурӣ: Шервони Мабатшоев («Истиқлол»).

Корти зард: Сайёди Ковусшо, Владислав Касминин («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Корти сурх: Сергей Гаранҷа («Хуҷанд»), 28.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кушониён).

Комиссари бозӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе).

23 ноябр. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18237

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18244

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj