Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Вавилон»- барандаи Ҷоми «Истиқлол»-2022

11.11.2022 02:15

Шоми 10 ноябр панҷумин мусобиқаи Ҷоми клуби футболи «Истиклол» оид ба футболи хурд анҷом ёфт.

Дар мусобиқаи бонуфузи имсола, ки бо иштироки  26  даста  муддати якуним моҳ ҷараён гирифт,  барандаи Ҷом дастаи ширкати «Вавилон» гардид.  Сараввал вохурӣ барои  мақоми сеюм  миёни дастаҳои Федератсияи футболи  кишвар ва тими «Шабакаҳои барқӣ Душанбе» сурат гирифт.  Дар вакти асосии дидор дастаҳо натавонистанд  ғолибро муайян намояд - 1:1  ва дар задани  силсила зарбаҳоҳои пеналти  дастаи ФФТ бо ҳисоби 4:3 пирӯз гардид.  Дар рақобати ниҳоӣ, ки бо иштироки тамошобинони сершумор доир гардид, дастаи соҳибони мусобиқа «Истиқлол» ва тими «Вавилон»  вориди майдон гардиданд. Бозии финалӣ, ки бисер шадид ва шавқовар гузашт  бо пирузии дастаи «Вавилон» бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.  Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ, маросими расмии ҷоизасупории  мусобиқа  бо иштироки  роҳбарияти дастаи «Истиқлол» ва Федератсияи футболи  Тоҷикистон, ҳамчунин бозингарони клуби футболи «Истиқлол» баргузор гардид.  Ба доварону дастаҳои ҷоизадор ва беҳтаринҳои мусобиқа медалҳо, ифтихорнома ва мукофотпулиҳоро ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, узви кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов,  роҳбари дафтари матбуотии «Истиқлол» Рустам Ҳакимов ва бозингарони даста - Владислав Касминин, Глеб Грачев, Идрис Амину, Шервони Мабатшоев, Аҳтам Назаров ва Манучеҳр Ҷалилов супурданд. Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки мақоми сеюмро соҳиб гардид, бо медалҳои биринҷӣ ва 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонда шуд.  Дастаи «Истиқлол» нишони нуқра ва  мукофотпулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ соҳиб гардид.  Ба дастаи ғолиб - «Вавилон»  Ҷом, медалҳои  тилло ва 50 ҳазор сомонӣ супорида шуд.  Ҳамчунин аз тарафи кумитаи тадорукот  беҳтарин дарвозабон, нишонзани беҳтарин ва бозингари бузургсоли мусобиқа  бо ҷоизаҳо ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд: 
Дарвозабони беҳтарин -  Фируз Бозоров («Вавилон»). 
Беҳтарин нишонзан - Шаҳзод Сулаймонов - 15 туб («Истиқлол»).
Бозингарии  бузургсол - Саидасрор Саидов («Диёр трэвел»). 
Ҳамчунин аз тарафи роҳбарияти дастаи «Истиқлол» барои саҳми арзанда ҷиҳати баргузории мусобиқаи Ҷоми КФ «Истиқлол-2022  ба Лигаи футболи Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати ВКД шаҳри Душанбе, шарики даста - ширкати букмекерии 1XBET ва шарики матбуотии мусобиқа  «IM GROUP» сипосномаҳо тақдим гардид.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18143

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18151

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj