Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ҷоми «Истиқлол» ҷамъбаст мегардад

10.11.2022 14:14

Шоми имрӯз панҷуми мусобиқоти Ҷоми «Истиқлол», ки бо иштироки 26 даста ҷараён дошт, ҷамъбаст мегардад.

Дар бозии ниҳоӣ соҳибони мусобиқа - дастаи «Истиқлол» ва тими «Вавилон»  бо ҳам вомехуранд. Оғози бозӣ соати 19:00.  Пеш аз бозии финалӣ, рақобат барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои ФФТ ва «Шабакаҳои барқӣ»  доир мегардад.  Оғози ин бозӣ соати 18:00. Пас аз анҷоми рақобати ниҳоӣ, маросими ҷоизасупории дастаҳои ҷоизадор ва беҳтаринҳои мусобиқаи бонуфуз  баргузор мегардад. 

Қобили зикр аст, ки фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Дастаи ҷои дуюм 30 ҳазлр сомонӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj