«Истиқлол» маротибаи 11-ум чемпиони Тоҷикистон шуд!
04.11.2022 20:46
Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе се давр пеш аз анҷоми мусобиқоти қахрамонии Тоҷикистон-2022 чемпиони мамлакат гардид.
Имрӯз дар даври бистуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол, «Истиқлол» дар майдони худ дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро қабул намуда, бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз гардид ва пеш аз мӯҳлат қахрамони кишвар шуд. Голи ягонаро дар ин дидор дар дақиқаҳои иловагии бозӣ ҳимоятгар Алиҷон Кароматуллозода ба нишон расонд. Ин ғалаба ба дастаи пойтахт имкон дод, ки се давр пеш аз анҷоми мусобиқоти каҳрамонии мамлакат медалхои тиллоро соҳиб гардад. Ҳамин тавр «Истиқлол» барои 11-ум бор чемпиони Тоҷикистон гардида, роҳхатро ба Лигаи чемпионҳои Осиё дар мавсими 2023-24 ба даст овард.
Чемпионати Тоҷикистон. Даври 20-ум
Гуруҳи «А»
«Истиқлол» - «Хатлон» - 1:0
Гол: Алиҷон Кароматуллозода, 90+2
«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Глеб Грачёв, Владислав Касминин, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Аҳтам Назаров, Идрис Амину, Гонсало Ритакко (Шаҳром Сулаймонов, 59), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»).
Корти зард: Владислав Касминин, Алиҷон Кароматуллозода, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Равшан Азизов («Хатлон»).
Корти сурх: Тони Бикатал («Хатлон») – 62.
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Нозири доварон: Ориф Ҷураев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).
4 ноябр. Душанбе, варзишгоҳи марказии чумхуриявӣ.
ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18076
ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18086
ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/18097