Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Футзал: «Истиқлол» ба финали Суперлига роҳхат гирифт

27.10.2022 23:30

Дастаи футзали «Истиқлол» ба бозии ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон роҳ ёфт.

Дар вохурии ҷавобии марҳилаи  ниманиҳоӣ дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 7:6 бар дастаи «Истаравшан» пирӯз гардид. Бо ҳамин тартиб шогирдони  Ҳусейн Шодиев дар ду бозӣ бар рақиб дастболо гашта (11:2, 7:6) ба финали Суперлига баромаданд. Дар бозии нихоӣ тими «Истиқлол» бо қахрамони феълии Тоҷикистон дастаи «Соро компания» неру месанҷад. Қайд менамоем, ки марҳилаи финалии Суперлигаи Тоҷикистон аз се ғалаба  иборат мебошад. 

Суперлигаи Тоҷикистон. Марҳилаи ниманиҳоӣ. Вохурии дуюм
«Истаравшан» - «Истиқлол» - 6:7
Голҳо:
Абдуқаюм  Умаров – 2, Рустам Ҳамидов, Ризо Тулуӣ, Некрӯз  Идиев, Мирсаид Камолов, Муҳаммад Асламхон.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Илҳом  Баротов («Истаравшан»). 
Сардовар: Сафарали Маҳмадизода (Данғара).
Нозири доварон: Дилшод Абдуллоев (Хуҷанд).
Комиссари бозӣ: Абдумалик Ғаффоров (Хуҷанд).
27 октябр. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон». 500 тамошобин.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj