Истиклол» ва «Вавилон» дар финали Ҷом
27.10.2022 21:24
Дастаҳои «Истиқлол» ва «Вавилон-М» дар финали Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд бо ҳам вомехуранд.
Шоми имрӯз вохуриҳои нимниҳоии Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» доир гардид. Дар бозии аввал соҳибони мусобиқот - дастаи «Истиклол» бо ҳисоби 3:1 бар тими «Шабакаҳои барқи Душанбе» пирӯз гардид ва аввалин шуда ба финал роҳхат гирифт. Дар вохурии дуюм дастаи «Вавилон» бо натиҷаи 4:2 тими Федератсияи футболи Тоҷикистонро шикаст дод. Ҳамин тавр, дар бозии ниҳоӣ, ки санаи 30 октябр ба нақша гирифта шудааст, «Истиқлол» ва «Вавилон» вориди рақобат хоҳанд гашт. Дастаҳои ФФТ ва «Шабакаҳои барқӣ» барои ҷои 3-юм бо ҳам вомехуранд. Хотиррасон менамоем, ки фонди ҷоизавии Ҷоми «Истиқлол» 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқот -50 ҳазор сомонӣ, дастаи ҷойи дуюм - 30 ҳазор сомони ва соҳиби медалҳои биринҷи бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.