Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» марҳилаи дуюмро дар ҷои аввал ҷамъбаст намуд

23.10.2022 21:56

Бо ба анҷом расидани даври 18-ум, марҳилаи дуюми чемпионати Тоҷикистон ба поён расид.

«Истиқлол»-и Душанбе дар даври сипаришуда дар сафар бо дастаи дигари пойтахт КМВА вориди майдон гашт. Бози бо бартарии тарафайн ҷараён гирифта, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Пас аз як рузи истироҳат футболбозони «Истиқлол» омодагиро ба финали Ҷоми Тоҷикистон, ки санаи 29 октябр баргузор мегардад, оғоз менамоянд.  Ёдовар мешавем, ки дар финали Ҷоми мамлакат «Истиқлол» бо дастаи «Куктош» қувва меозмояд. 

Чемпионати Тоҷикистон. Даври 18-ум
КМВА – «Истиқлол» - 1:1
Голҳо:
Изататулло Рузиев, 30 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов аз пеналти, 62 (1:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Глеб Грачёв, Далер Имомназаров, Идрис Амину, Шуҳрат Шоҳназаров, Шаҳром Сулаймонов, Сайёди Ковусшо, Гонсало Ритакко, Манучеҳр  Ҷалилов.
Беҳтарин  бозингари вохурӣ: Сергей Доронин (КМВА).
Корти зард: Идрис Амину («Истиқлол»), Асадбек Ҷуразода, Изатулло Рузиев (КМВА).
Сардовар: Бехруз Муртазоев (Душанбе).
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кушониён).
Комиссари бози: Субҳон Шодиев (Душанбе). 
23 октябр. Душанбе, варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/17929

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj