Футзал: Қадами устувор ба финал
23.10.2022 21:29
Дастаи футзали «Истиқлол» дар вохурии якуми марҳилаи 1/2 ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон бо ҳисоби калони 11:2 бар дастаи «Истаравшан» дастболо гардид.
Дидори дуюми дастаҳо 27 октябр дар шаҳри Истаравшан баргузор мегардад. Қайд менамоем, ки марҳилаи плей-оффи ниманиҳоии Суперлигаи Тоҷикистон аз ду ғалаба иборат аст.
Суперлигаи Тоҷикистон. Марҳилаи 1/2 ниҳои. Вохурии аввал
«Истиқлол» - «Истаравшан» - 11:2
Голҳо: Рустам Ҳамидов-2, Шоҳрух Ҳамидов-2, Комрон Алиев-2, Алӣ Иброҳимӣ, Абдуқаюм Умаров, Некруз Идиев, Ризо Тулуи, Мирсаид Камолов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»).
23 октябр. Душанбе, маҷмааи варзишии «Кохи олимп».
«Соро компания» - «Сипар» - 5:2