Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Як қадами дигар ба сӯи қаҳрамонӣ

20.10.2022 14:14

«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфмодаи даври 5-уми чемпионати Тоҷикистон дастаи «Файзканд»-ро мағлуб намуда, бавқеашро дар садри ҷадвал боз ҳам устувор намуд.

Пас аз 17 даври чемпионати мамлакат дастаи пойтахт бо 38 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвал қарор гирифта, аз зинаи дуюм бо таносуби 11 имтиёз пешсаф мебошад. Дар даври 18-уми чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» санаи 23 октябр дар сафар бо тими КМВА дидор анҷом медиҳад.

Чемпионати Тоҷикистон. Бозии даври 5-ум

«Истиқлол» - «Файзканд» - 3:1

Голхо: Шавкати Ҳотам, 19 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 55 (1:1). Гонсало Ритако, 68 (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 84 (3:1).

«Истиклол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (Муҳаммад Муҳаммадзода, 90+3), Глеб Грачев, Мухаммадҷон Раҳимов, Гонсало Ритако, Сайёди Ковусшо, Шаҳром Сулаймонов, Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингари вохури: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Корти зард: Глеб Грачев, Сайёди Ковусшо, Далер Имомназаров («Истиқлол»), Мустафо Миликшоев («Файзканд»).

Корти сурх: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол») – 81, Артур Боугнон – 81, Джозев Феумба – 90, ҳарду («Файзканд»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Умед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Ораз Ализода (Душанбе).

19 октябр. Душанбе, варзишгоҳи марказии чумхуриявӣ.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/17887

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj