Ҷоми «Истиқлол»: Аввалин дастаҳои марҳилаи 1/4 ниҳоӣ маълум шуд
17.10.2022 22:02
Шоми имрӯз чор вохурии аввали марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» баргузор гардид.
Соҳибони мусобиқот дастаи «Истиқлол» бо дастаи ВКД ҶТ рақобат намуда, аввалин шуда ба марҳилаи баъди роҳхат гирифт. Бозии ду дастаи қавӣ дар вақти асосӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид ва дар силсила зарбаҳои пеналти пирӯзӣ насиби тими «Истиқлол» гардид - 3:5. Дар бозии дигар «Шабакаҳои барқӣ» бо ҳисоби калони 7:1 бар «Спитамен бонк» дастболо гардид. Ҳамчунин ба даври 1/4 ниҳоӣ дастаи «IM GROUP» роҳхат гирифт, ки дастаи «Кумитаи андоз»-ро мағлуб намуд - 4:0. Дастаи дигаре, ки ба 1/4 ниҳоӣ баромад ин дастаи «Донишгоҳи миллӣ» мебошад, ки тими Вазорати маориф ва илмро мувоҷеҳи бохт намуд. Фардо 18 октябр, чор вохурии дигари марҳилаи 1/8 ниҳоӣ доир мегарданд.
Натиҷаи бозиҳо:
ВКД ҶТ - «Истиқлол» - 1:1 (пеналти - 3:5)
Донишгоҳи миллӣ - Вазорати маориф - 2:1
IM GROUP- Кумитаи андоз - 4:0
Шабакаҳои барқӣ - «Спитамен бонк» - 7:1