«Истиқлол» дар финали Ҷоми кишвар бо «Куктош» бози мекунад
15.10.2022 17:07
Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, санаи 29 октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар доир мегардад, дастаи «Истиқлол» бо тими «Куктош» рақобат хоҳад кард.
Ҷоми Тоҷикистон-2022. 1/2 ниҳоӣ. Бозии ҷавобӣ
«Эсхата» – «Истиқлол» - 1:1
Голҳо: Олимҷон Каримов, 55 худгол (0:1). Дилшод Бозоров, 77 (1:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Владислав Касминин (Муҳаммад Муҳаммадзода, 77), Глеб Грачев, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода (Далер Имомназаров, 66), Идрис Амину, Сайёди Ковусшо, Гонсало Ритако (Ахтам Назаров, 61) , Мухаммадҷон Раҳимов, Шервони Мабатшоев, Манучехр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Соҳиб Ҳакимов (“Эсхата”).
Корти зард: Санҷар Рихсибоев, Дилшод Бозоров (“Эсхата”), Глеб Грачёв, Сиёвуш Асроров, Идрис Амину, Сайёди Ковусшо, Шервони Мабатшоев, Алиҷон Кароматуллозода, Рустам Ятимов (“Истиқлол”).
Корти сурх: Шаҳзод Мамурҷонов (“Эсхата”) - 87, Шервони Мабатшоев (“Истиқлол”) – 87.
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).
Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).
15 октябр. Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». 1500 тамошобин.
Вохурии аввал - 0:1
Чанде пеш вохурии ҷавобии марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Эсхата» ва «Истиқлол» доир гардид, ки бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Бо шарофати пирӯзӣ дар вохурии аввал бо ҳисоби 1:0, дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби умумии 2:1 роҳхатро ба финали Ҷоми Тоҷикистон соҳиб гашт. Дар 13-умин бозии худ дар финали Ҷоми мамлакат «Истиқлол» бо дастаи «Куктош»-и ноҳияи Рудакӣ рақобат хоҳад кард. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022, санаи 29 октябр, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар доир мегардад.