«Истиқлол» дар зинаи якум устувор монд
10.10.2022 21:50
Пешсафи чемпионати Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» дар майдони худ бар «Равшан»-и Кулоб пирӯз гардида, се холи навбатиро ба даст овард.
Ин ғалаба ба дастаи пойтахт имкон дод, ки мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқот устувор намояд. Бозии навбатии худро «Истиқлол» санаи 15 октябр баргузор менамояд. Дар ин рӯз чемпиони бисеркаратаи мамлакат дар доираи бозии ҷавобии марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо тими «Эсхата» рақобат менамояд.
Чемпионати Тоҷикистон. Даври 17-ум
«Истиқлол» - «Равшан» - 2:0
Голҳо: Гонсало Ритако, 32 (1:0). Владислав Касминин, 51 (2:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Темур Партсвания, Глеб Грачёв, Владислав Касминин, Сайёди Ковусшо, Идрис Амину (Аҳтам Назаров, 90+2), Алиҷон Кароматуллозода, Гонсало Ритако (Шаҳром Сулаймонов, 74), Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Исомназаров, 74), Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Рустам Ятимов («Истиқлол»).
Корти зард: Темур Партсвания («Истиқлол», Алиана Ростон Диор, Махмадали Азизбоев («Равшан»).
Сардовар: Сайвали Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Суҳроб Ҳамидов (Душанбе).
10 октябр. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1500