«Истиқлол» ва «Эсхата» ғолибро муайян накарданд
05.10.2022 21:26
Дар бозии мавқуфмондаи даври чоруми чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол»- Душанбе дар сафар бо дастаи «Эсхата» мусовӣ кард.
Ин вохурӣ, ки дар варзишгоҳи «Спартак» баргузор гардид, бо натиҷаи 1:1 ба поён расид. Ба голи Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 35-ум, соҳибони майдон бо туби задаи Дилшод Бозоров ҷавоб гардонданд. Дар даври ояндаи чемпионати мамлакат «Истиқлол» бо «Равшан»-и Кулоб вориди рақобат мегардад. Ин дидор санаи 10 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Чемпионати Тоҷикистон. Бозии мавқуфмондаи даври 4-ум
«Эсхата» - «Истиқлол» - 1:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 35 (0:1). Дилшод Бозоров, 51 (1:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Глеб Грачев, Владислав Касминин, Сиёвуш Асроров, Сайёди Ковусшо, Аҳтам Назаров, Далер Имомназаров (Алиҷон Квроматуллозода, 68), Гонсало Ритако (Шаҳром Сулаймонов, 71), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов.
Бозингари беҳтарини вохурӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Корти зард: Дилшод Каримов, Мубинҷон Муминов, Шаҳзодҷон Мамурҷонов, Дилшод Бозоров, Соҳиб Ҳакимов («Эсхата»). Далер Имоназаров, Алиҷон Кароматуллозода, Сайёди Ковусшо («Истиқлол»).
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кулоб).
5 октябр. Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». 2000 тамошобин.