Ба тоҷикӣ  На русском In English 

То оғози Ҷоми «Истиқлол» рӯзҳои башумор монд

17.09.2022 13:35

26-уми сентябри соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои ба даст овардани Ҷоми клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе оғоз мегардад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Дастаи иштирокчии бозии ниҳоии мусобиқа соҳиби 30 ҳазор сомонӣ мешавад. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад.  Аъзоҳақӣ барои иштирок дар мусобиқа 4000 (чор ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Санаи 20 сентябр дар меҳмонхонаи “Руми”-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад. Оғози маросим соати 10:00.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj