Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Даъвати даҳ футболбози “Истиқлол” ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон

16.09.2022 18:45

Даҳ футболбози “Истиқлол” ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Шоҳ-2022”, ки аз 22 то 25 сентябр дар Таиланд баргузор мешавад, даъват шуданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Шоҳ-2022» дар Таиланд:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Шоҳрух Қиргизбоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Персеполис», Эрон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Эҳсони Панҷшанбе ("Зоб Охан", Эрон), Амирбек Ҷӯрабоев ("Юнайтед Сити", Филиппин), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Амадони Камолов (“Паракуэллос Антамира”, Испания), Муҳаммадҷон Раҳимов, Парвиз Боқӣ -Охунов (ҳарду – “Истиқлол”);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Шервони Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов (“Хатлон”).

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj