Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Голи Далер Имомназаров ба «Истиқлол» пирӯзӣ овард

15.09.2022 21:33

Дар вохурии аввали марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби минималии 1:0 бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд пирӯз гардид.

Голи ягонаи ғалабаоварро дар ин дидор дар дақиқаи 78-ум ҳимоятгар Далер Имомназаров аз зарбаи  ҷаримавӣ вориди дарвозаи меҳмонон намуд. Вохурии дигари марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми мамлакат миёни дастаҳои «Хатлон» ва «Куктош» бидуни гол - 0:0 ба охир расид. Бозиҳои ҷавобии марҳилаи 1/2 ниҳоии Ҷоми кишвар рузҳои 15 ва 16 октябр баргузор мегарданд. 

Марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон. Вохурии аввал
«Истиклол» - «Эсхата» - 1:0
Гол:
Далер Имомназаров, 78 
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Темур Партсвания (Алиҷон Кароматуллозода, 48), Владислав Касминин, Сиёвуш Асроров, Глеб Грачёв, Табрез Исломов (Далер Имомназаров, 66), Парвиз Боқи-Охунов (Сайёди Ковусшо, 61), Идрис Амину, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервони Мабатшоев.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Далер Имомназаров («Истиқлол»).
Корти зард:  Глеб Грачев («Истиқлол»), Иброҳимхон Эшонхонов, Абдураҳмон Узоқов, Ойбек Абдуғаффоров («Эсхата»). 
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Ширинҷон Валиев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе). 
15 сентябр. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ.

 ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/17121

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj