Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» мавқеашро дар зинаи аввал устувор намуд

11.09.2022 20:23

Дастаи «Истиқлол»- Душанбе дар даври 15-уми қаҳрамонии кишвар дар майдони худ бар тими «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардида, мақоми худро дар зинаи якуми ҷадвали чемпионати мамлакат устувор намуд.

Дар дидори сипаришуда,  соҳибони майдон бартарии худро дар дақиқаи 68-уми бозӣ ба гол табдил доданд.  Капитани душанбегиҳо Манучеҳр Ҷалилов аз зарбаи пеналти дастаашро ба пеш баровард.  Дар дақиқаҳои иловагии вақти асосӣ  беҳтарин бозикуни дидор Шервони Мабатшоев ҳисобро дучанд намуд.  Ҳамакнун «Истиқлол» пас аз 13 вохурӣ бо касби 30 имтиёз пешсафии ҷадвалро дар ихтиёри худ дорад. Рақобати навбатии худро «Истиқлол» санаи 15 сентябр баргузор менамояд. Дар ин рӯз дар доираи бозии аввали марҳилаи 1/2 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» рақиби имрӯзаи худ дастаи «Эсхата»-ро қабул менамояд.

Чемпионати Тоҷикистон. Даври 15-ум
«Истиқлол» - «Эсхата» - 2:0
Голҳо:
Манучеҳр Ҷалилов, 68 аз пеналти  (1:0). Шервони Мабатшоев, 90+6 (2:0). 
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Темур Партсвания, Сиёвуш Асроров, Глеб Грачев, Аҳтам Назаров (Сайёди Ковусшо, 90), Табрез Исломов (Далер Имомназаров, 65), Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷон Кароматуллозода, 82), Идрис Амину, Гонсало Ритако (Шаҳром Сулаймонов, 46),  Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов. 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Шервони Мабатшоев («Истиқлол»).
Корти зард: Шаҳром Сулаймонов, Рустам Ятимов («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Владислав Шевченко, Олимҷон Каримов, Роман Хибаба («Эсхата»). 
Корти сурх:  Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Дилшод Каримов («Эсхата»)- 72.
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
11 сентябр. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/17089

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj