Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ғалабаи калони «Истиқлол» бар дастаи «Истаравшан»

30.08.2022 21:32

Ба туфайли се голи задаи ҳамлагари ҷавон Шервони Мабатшоев, «Истиқлол» дар бозӣ бо дастаи «Истаравшан» се имтиёз ба даст овард.

Ин пирӯзи ба қаҳрамони бисёркаратаи кишвар имкон дод, ба садри ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ барояд. Ҳамакнун  «Истиқлол» пас аз 11 бозӣ  соҳиби 24 хол гардид. Дар даври ояндаи қаҳрамонии мамлакат «Истиқлол» дар сафар бо дастаи «Файзканд» вориди рақобат мегардад. Ин дидор санаи 4 сентябр дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рудакӣ доир мегардад. 

Чемпионати Тоҷикистон. Бозии даври сеюм
«Истиқлол» - «Истаравшан» - 3:0
Голҳо:
Шервони Мабатшоев, 48 (1:0). Шервони Мабатшоев, 62 (2:0). Шервони Мабатшоев, 90+3 (3:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Темур Партсвания, Владислав Касминин, Табрез Исломов, Аҳтам Назаров, Сайёди Ковусшо (Алиҷон Кароматуллозода, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов (Глеб Грачев, 76).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Шервони Мабатшоев («Истиқлол»). 
Корти зард: Темур Партсвания, Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»), Ойбек Аҳтамов, Амирҷон Сафаров («Истаравшан»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
31 август. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/16967

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj