«Истиқлол» бар «Равшан» дастболо шуд
28.08.2022 21:46
Голи ягонаи Манучеҳр Ҷалилов пирузии «Истиқлол»-ро бар дастаи «Равшан» дар вохурии 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон таъмин намуд.
Ҷоми Тоҷикистон. Марҳилаи 1/4 ниҳоӣ
«Истиқлол» - «Равшан» - 1:0
Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 15
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Ахтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Темур Партсвания, Владислав Касминин, Алиҷон Кароматуллозода (Глеб Грачев, 80), Сайёди Ковусшо (Парвиз Боқи-Охунов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Шаҳром Сулаймонов, 62), Идрис Амину, Шервони Мабатшоев (Табрез Исломов, 88), Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Идрис Амину («Истиқлол»).
Корти зард: Муҳаммадҷон Раҳимов, Алиҷон Кароматуллозода, Идрис Амину, Рустам Ятимов («Истиқлол»), Расул Пайзов, Ромиш Ҷалилов, Алиана Диор, Крис Эмануэл («Равшан»).
Сардовар: Беҳруз Муртазоев (Душанбе).
28 август. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.
Ҳамакнун дар даври нимфинал, ки аз ду вохурӣ иборат аст, «Истиқлол» бо дастаи «Эсхата» рақобат менамояд. Ҷуфти дигари марҳилаи 1/2 ниҳоии мусобиқотро дастаҳои «Хатлон» ва «Куктош» ташкил медиҳанд. Вохурии навбатии худро «Истиқлол» санаи 31 август баргузор менамояд. Дар ин руз дар доираи бозиҳои чемпионати Тоҷикистон вохурии мавқуфмондаи даври сеюм бо дастаи «Истаравшан» доир мегардад. Ин дидор дар варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегирад. Оғози бозӣ соати 18:30.