«Истиқлол» Ҷоми Тоҷикистонро бо ғалаба оғоз намуд
06.08.2022 22:19
«Хет-трик»-и Манучеҳр Ҷалилов, дубли Шервони Мабатшоев ва голи Шаҳром Сулаймонов ғалабаи калони «Истиқлол»-ро бар дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон таъмин намуданд.
Акнун дар даври навбати - марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми кишвар «Истиқлол» бо «Равшан»-и Кулоб вомехурад.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 ниҳоӣ
«Истиқлол» - «Моҳир» - 6:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 13 (1:0). Шервони Мабатшоев, 29 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 33 (3:0). Шервони Мабатшоев, 61 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (5:0). Шаҳром Сулаймонов, 78 (6:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Темур Партсвания (Владислав Касминин, 46), Глеб Грачёв (Сайёди Ковусшо, 46), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (Парвиз Боқи-Охунов, 56), Гонсало Ритакко (Шаҳром Сулаймонов, 56), Муҳаммадҷон Раҳимов, Табрез Исломов (Далер Имомназаров, 62), Иддрис Амину, Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин боҳингари вохурӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кулоб).
Корти зард: Муҳаммадҷон Шерзода («Моҳир»).
6 август. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.