Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» 300-ум бозии худро бо ғалаба анҷом дод

03.07.2022 21:47

Дар даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» бар дастаи «Регар-ТадАЗ» пирӯз гардид.

Дидори мазкур, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи «Истиқлол» ба анҷом расид.  Бозии  сипаришуда  300-ум вохурӣ барои «Истиқлол» дар лигаи олии мамлакат ба ҳисоб мерафт.  Ҳамакнун дар мусобиқаи футболи мамлакат таннафус эълон гардид, ки то 5 август давом меёбад. Рӯзи 6 август, «Истиклол» дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи «Моҳир» вомехурад. 

Лигаи футболи Тоҷикистон. Даври 11-ум
«Регар-ТадАЗ» -  «Истиқлол» - 1:3
Голҳо:
Шервони Мабатшоев, 13 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 28 (1:1). Муҳаммадҷон Раҳимов, 61 (1:2). Ислом Зоиров, 88 (1:3).
«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Темур Партсвания, Владислав Касминин, Алиҷон Кароматуллозода, Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Сайёди Ковусшо, 90+1), Шаҳром Сулаймонов (Рустам Соиров, 57), Ислом Зоиров, Муҳаммад Исоев (Нуриддин Давронов, 57), Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин боҳингари вохурӣ: Владислав Касминин («Истиқлол»).
Огоҳӣ: Сергей Прохоров, Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Алиҷон Кароматуллозода, Манучеҳр Ҷалилов,  Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»). 
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе). 
3 июл. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1200 тамошобин.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/15981

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj